Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иттилоъ дод. Назар ба суханони ӯ дар ин корхонаҳо беш аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави вилояти Суғд 276 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, тайи ним соли соли ҷорӣ онҳо ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сесад миллион сомонӣ зиёд аст.
– Мо бояд барои таъсиси корхонаҳои хурду миёна тамоми шароитҳоро фароҳам оварем, – таъкид дошт сарвари вилоят. – Зеро ин корхонаҳо хусусианд ва соҳибкорон мекӯшанд, ки корхонаашон аз кор намонад.
Дар мавриди бунёдкориву ободкориҳо аз ҷониби соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, раиси вилоят қайд кард, ки саховатмандон дар қаламрави вилоят кам нестанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои худ мактабу толорҳои варзишӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мекунанд.
– Ба ман ғолиби даври чоруми экстрасенсҳои Россия, бонуи соҳибкор Турсуной Зокирова пешниҳод кард, ки дар паҳлӯи маҷмааи фароғатии «Манижа», ки соли гузашта дар шаҳри Қайроққум худ бунёд карда буд, хонаи истиқоматии панҷошёнае бисозад. Ин нафар ният дорад, ки 40 дар сади ҳуҷраҳоро барои оилаҳои камбизоат ба таври ройгон тақдим намояд. Мо дар ин иқдом барояш муваффақият таманно намудем, - гуфт Қ. Расулзода.
Аз рӯи гуфти масъулин то охири сол дар қаламрави вилояти Суғд дар назар аст 100 корхонаи нав бунёд гардад.