Аз рӯи гуфти А. Раҳнамо дар соҳаи сиёсат имрӯз бе омӯзиши афкори ҷомеа тасмими дурусте гирифтан бисёр мушкил аст. Бо дарназардошти ҳамин ҳолат таъсиси чунин як шӯъба пешбинӣ шудааст.
– Роҳҳои омӯзиши афкор як илми мустақил аст, ки методоллогияи гуногун дорад. Мо дар ин самт олимони худро дорем. Аз ин рӯ дар самти омӯзиши афкори омма аз роҳу усулҳои муосир кор мегирем - гуфт А. Раҳнамо.