Ба гуфти Сайфулло Сафаров, муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлат нисбат ба дин дар доираи муносибати арзандаи як давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ба роҳ монда шудааст. Дин дар ҷомеа мавқеи хоси худро дошта, институти исломӣ зери сарпарастии давлат қарор дорад.
– Дар масъалаи сафарбаркунии шаҳрвандон ба зиёрати хонаи Худо – Маккаи Мукаррама, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷойи аввал меистад. Дуруст аст, ки дар масоили бастани баъзе масҷидҳо ва маҳдудият сари ба масҷид рафтан ва ё нарафтани кӯдакону занон баҳсҳои мазҳабӣ ҷой доранд, аммо баъзе нигарониҳо дар самти амниятӣ ва тавсеаи тероризми байналхалқӣ сабаб шудааст, ки давлат аз чунин чораҷӯиҳо истифода намояд.
Дар ҳамин ҳол Абдуллои Раҳнамо, сардори Раёсати тадқиқоти равандҳои сиёсӣ ва этносиёсии маркази маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни ҳол консепсияи нави муносибати давлат ба дин таҳия шуда истодааст.
– Дар ҳақиқат сиёсати давлати Тоҷикистон нисбат ба дин ба такмили ҷиддӣ ниёз дорад. Бо дарки ин зарурият бо амри Президенти Тоҷикистон консепсияи нави сиёсати давлатӣ нисбат ба дин таҳия мешавад, – гуфт А.Раҳнамо.
Ба гуфтаи номбурда ин консепсия аз тарафи мақомоту вазоратҳо ва сохторҳои марбут ба соҳаи дин омода шуда истодааст, ки бо қабули ин консепсия мо шоҳиди як сиёсати ҳадафманд ва дурнамои мушахас хоҳем шуд.