Ҳамчунин Н. Саидов изҳори таассуф аз он кард, ки то кунун дар соҳаи маорифи кишвар фасод ба назар мерасад.
– Бахусус дар мавсими қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии кишвар омӯзгорон ба фасодкорӣ даст мезананд, – гуфт вазир.
Дар робита ба гумонбар шудани омӯзгоре бо ҷурми бадахлоқӣ вазири маориф бо таассуф қайд кард, ки имрӯз аҳёнан дар байни 110 ҳазор омӯзгорон ҳамин гуна ашхоси пасткунандаи обрӯву эътибори мактабу маориф ба назар мерасанд.
– Ин нафарон бемори рӯҳианду дигар ҳуқуқи дар соҳаи маориф кору фаъолият карданро надоранд. Вақти он расидааст, ки фасодро аз соҳа решакан сохт. Вақте корманди дигар соҳаҳо ба фасод даст мезанад шояд ӯ бо кадом роҳе боз тавонад дар соҳаи худ кор кунад, аммо вақте омӯзгор ба фасоду бадахлоқӣ даст мезанад, ӯ дигар ҳуқуқи маънавии тарбияи насли наврасро надорад, - гуфт Н.Саидов.