Сафири Бритонияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи коллеҷи мазкур зикр намуд, ки донистани забони англисӣ барои ҳамқадами замон шудани ҷавонони тоҷик ва фаро гирифтани илмҳои ҷадид мусоидат хоҳад намуд.
Абдураззоқ Абдуллоев, раиси кулли ширкати «TM-international» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ширкати мазкур омӯзиши забони англисиро барои журналистон ройгонба роҳ монданист. Барои ҳамеша дар ҷараёни хабарҳои ҷаҳон қарор доштан, журналистон бояд забони англисиро балад бошанд, мегӯянд масъулини ширкат.
– Мо бо мутахассисони пуртаҷриба аз кишварҳои Британияи Кабир, Англия ва Шветсия, ҳамкориро ба роҳ мондаем. Тасмими минбаъда ин аст, ки ғайр аз забони англисӣ дар марказ забонҳои русӣ, олмонӣ ва чиниро ҳам ба хоҳишмандон омӯзем, - гуфт Абдураззоқ Абдуллоев.
Гуфта мешавад, ки донишандӯзони коллеҷ бо дохил шудан ба филлиали Донишгоҳи Спинникер дар Душанбе заминаи хуберо барои таҳсили оянда дар хориҷ муҳайё месозанд. Муддати таҳсил ин ҷо як сол буда, донишҷӯён баъд аз ҳар давраи думоҳаи омӯзишӣ сертификати сатҳи байналмиллалиро соҳиб мешаванд.
Таъсисдиҳандагони коллеҷи мазкур изҳор намуданд, ки ифтитоҳи филлиалҳои ин таълимгоҳ дар маҳаллаи 102-и пойтахт, шаҳри Ваҳдат ва вилояти Суғд низ то охири соли 2012 дар назар дошта шудааст. Ва мувофиқи талабот барои хоҳишмандон гурӯҳҳои махсуси забономӯзӣ барои тоҷирон, табибон, иқтисодчиён ва ҳамчунин гурӯҳҳои шабона низ ташкил карда мешаванд.