Дар ин росто иштирокчиён имкони боздиди бевоситаро аз муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии экологии шаҳру навоҳии вилоят пайдо намуда, вобаста ба мушкили соҳа бо раҳбарон ва кормандони ин ниҳодҳо сӯҳбатҳо доир намуданд, ки дар асоси ин сӯҳбату дидорҳо баъдан рӯзноманигорон маводҳои хондание омода хоҳанд намуд.
- Ин гуна дарсҳои омӯзишӣ барои пайдоиши рӯзноманигорони соҳавӣ – эко-журналистон, ки имрӯз эҳтиёҷ ба онҳо зиёд шудааст, муҳим аст. Ба гуфтаи Фаррух Аҳроров имрӯз қариб дар тамоми ВАО норасоии рӯзноманигорони соҳаи экология мушоҳида мешавад.
– Экожурналистон бояд пайваста дар мавриди осебпазирии баъзе аз ноҳияҳои кишвар дар баробари офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти муҳитзистии ҷомеа гузоришҳо омода бикунанд. Дар ин маводҳо бояд мавзӯҳои роҷеъ ба таъсири мустақими ин омилҳои табиӣ ба зиндагии қишрҳои камбизоати аҳолии Тоҷикистон инъикос шаванд.
Қобили қайд аст, ки барномаи омӯзишии мазкур аз ҷониби Барномаи камбизоатӣ ва муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ ва чанде аз созмонҳои дигар роҳандозӣ шуда, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа гузоришҳои беҳтарин бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.