Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз мушкилу монеаҳо дар ба даст овардани ризоияти миллӣ раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва ҷаҳду талошҳо дар ҳифзи якпорчагии давлати тоҷикон ёдовар шуда, гуфт, дар тӯли панҷ соли 1992-1997 ҷонибҳо 21 маротиба мулоқоти расмӣ ва даҳҳо маротиба вохуриҳои ғайри арсми доир намуда, билохира Созишномаи Сулҳ ба имзо расонида шудааст. Зикр гардид, ки дар он давра буданд, неруҳо ҳатто кишварҳое, ки сулҳу Ваҳдати миллии тоҷиконро намехостанд ва ҳатто дар роҳи ба ҳам омадани таарфҳо монеаҳо эҷод мекарданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ниҳоди муштараки ҳукумати умҳурии Тоҷикистон фаъолияти Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон (КОМ) – созмони якҷояи ҳукумати Тоҷикистон бо собиқ мухолифин дар расидан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон боаҳамият хонда ба тамоми аъзоёни Комиссияи оштии миллӣ ва Созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои миёнарави сулҳи тоҷикон изҳори миннатдорӣ намуд. Роҳбари давлат Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши муқаддас номида кулли мардуми шарифи кишварро ба арҷгузорӣ ба ин санаи муҳими таърихӣ ва ҷашни пурифтихори умумимиллӣ даъват намуд.
Дар интиҳои суханронии хеш Президенти кишвар ба ҳамаи нафароне, ки дар раванди сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба кулли шаҳрвандони мамлакатмуроҷиат намуда, гуфт: «Мо соҳибдавлату соҳибватан будани худро бо кору амали созандаю ваҳдатофариамон бояд собит намоем».
Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ , ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор гардид, аъзои Ҳукумат, Маҷлиси олӣ, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва дигар фаъолони кишвар иштирок доштанд.