Ин буд мӯҳтавои асосии сӯҳбати иштирокдорони гирди мизе, ки чанд рӯз қабл бо ибтикори Маркази занони «Гулрухсор» дар ҳамдастӣ бо Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид.
Назар ба суханони раҳбари маркази «Гулрухсор» Малика Мирзобаҳодурова: «таҷрибаи понздаҳсола нишон додааст, ки хушунати хонаводагӣ рукнҳои оилаю ҷомеаро хароб карда, садде барои пешрафти ҷомеа эҷод мекунад. Хушунати хонаводагӣ оқибатҳои номатлубу ҷиддие ба дунбол дорад, ки то аз ҳам пошидани оилаҳо ва худкушии одамон оварда мерасонад".
Назар ба иттилои Калимуллоҳ Сафаров корманди шӯъбаи назорати тафтиш дар додситонии вилояти Суғд, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ - 142 сокини вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 нафар зиёд аст.
Корманди масъули додситонӣ таъкид дошт, ки бештари ин одамонро низоъҳову ҷанҷолҳои оилавӣ, бепарвоии атрофиён нисбати тақдири дигарон водор ба худкушӣ кардааст.
Дар тақвияти суханони К.Сафаров, Одилмаҳмад Ҷумъаев, корманди масъули Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд иброз дошт, ки кумитаи маҳаллаҳо бояд робитаро бо сокинони маҳал мустаҳкам кунанд. Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб бояд аз телефонҳои боварии сардори РВКД-и вилояти Суғд ва вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода кард.