Қобили зикр аст, ки 18 -уми июни соли 2007 ин телевизион дар қатори шабакаҳои телевизионии давлатӣ арзи ҳастӣ карда, дар як давраи аввал то андозае миёни мардум тамошобини хешро пайдо кард. Вале тӯли солиёни охир баҳси басомади ин телевизион бо дивизияи 201 –уми Русия дар Тоҷикистон ва як басомадро ба ду телевизион фурӯхтани дастандаркорон бештар шунида мешуд, нисбати намошҳои телевизионӣ. Иштирокчиёни конференсия-роҳбарону намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақил роҷеъ ба андешаҳои иброзшуда дар ин маврид фикрҳои худро изҳор намуда, тавсияҳоро роҷеъ ба ҷойгоҳи шабакаҳои мустақили телевизионӣ ва дурнамои фаъолияти онҳо пешниҳод карданд. Таъсис ва фаъолият намудани шабакаҳои мустақили Тоҷикистон бинобар мушкилоти вобаста ба шаффоф набудани раванди иҷозатномадиҳӣ, мушкилоти пахш дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла тӯли ду соли охир ҳал наёфтани қазияи ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон» бо пойгоҳи низомии Россия дар Точикистон, мақоми шабакаҳои мустақил дар ҷомеаи кунунӣ, мӯҳтаво ва сифати барномасозии онҳо, инчунин номуайян боқӣ мондани сарнавишти телевизионҳои мустақил ҳангоми гузариш ба пахши ракамӣ боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситаҳои мустақил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад, иброз доштанд, зимни суханрониҳои хеш аҳли нишаст.
Пешниҳод гардид, ки истифодаи басомади СМТ аз ҷониби пойгоҳи низомии Русия чун эҳтиром накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф гашта, аз ин қонуншиканӣ ва саргумиҳои ҳалли қазия ба Шӯрои амнияти Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.
Дар охир ҳозирин бори дигар 5 солагии ин ТВ мустақилро муборакбод гуфта, орзу намуданд, ки рӯзе фаро рассад, ки он 50 солагии хешро таҷлил созад.
Ҳ.Ализода