Маросими ҷамъбасти озмунро бо суханони ифтитоҳӣ журналист Сурайё Мардонова оғоз намуда минҷумла қайд намуд, ки ба озмун 11 маводи радиоӣ, 4- намоишномаи телевизионӣ ва 18 матлаби матбуотӣ пешниҳод шуданд.
Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки мутаасифона ҳанӯз ҳам масъалаҳои марбут ба хушунати хонаводагӣ дар матбуот бештар дар шакли қисса навишта мешаванд.
Воқеан зан ё мушкилоти хонаводагии ӯро бо қисса ё дар шакли нақл тасвир кардан ба ҷуз ҳиссии таассуф чизи дигаре ба бор намеорад. Беҳтар аст, ки ин гуна масъалаи доғи рӯз бештар ба шакли таҳлилу масъалагузориҳо рӯи саҳафоти матбуот ё дигар ВАО биёяд, то ба ҳалли он мусоидат созад.
Пайдо шудани матолиби таҳлилӣ ё тадқиқотиро ( матолиби маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба ин озмун бештар бо ин жанрҳо пешниҳод гаштаанд) дастандаркорони озмун аз шумули дастовард шумурданд, ҳарчанд ҳанӯз чунин таҳлилҳо дар дигар нашрияҳо каманд.
Директори лоиҳаи хушунати хонаводагӣ Алфредас Забиета проблемаи зӯроварӣ дар оиларо масъалаи гуногунпаҳлӯ ва хеле решадори иҷтимоӣ унвон кард. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки тарҳҳои тозаи корбарӣ дар ин самтро барномаи эшон аз моҳи июл дар шаклҳои тоза оғоз карданист.
Намояндагони тоҷикистонии СММ - Занон, САҲА ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон низ зимни суханронии хеш аз таъсири васоити ахбори омма ба тафаккури ҷомеа ва бад- ин васила муқовимат ба хушунати хонаводагиро чораи муассир дар ҳалли ин мушкилот арзёбӣ карданд.
Сипас маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мазкур оғоз гардид. Ҷойи ифтихор аст, ки мақолаҳои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бори дуввум аст, ки чун матлабҳои ғолиби ин озмун пазируфта мешаванд.
Дар даври чоруми ин озмун дар бахши матбуот мақолаи «Ишк ва дин»-и Ҳуриннисо Ализода сазовори ҷойи аввал дониста шуд.
Ҳамчунин матлабҳои «Хона ҳаққи шаръии зан аст»-Саъдии Юсуфӣ, «Занро зан, намурад бо табар зан!»-и Эмомалӣ Раҳматов , «Замоне фармонбару порсо, замоне ҳокиму фармонраво?!»-и Тилав Расулзода низ ба ҷоизаҳои ин озмун сазовор дониста шуданд.
Ҷамъбасти озмун бори дигар собит намуд, ки нашрияҳои ҳукуматӣ ба чунин масоил ҳануз ҳам кам таваҷҷӯҳ доранд, ба истиснои маҷаллаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон».
Масъалаи хушунати хонаводагӣ умуман дар маҷмӯъ мушкилоти зӯроварӣ аз қабили он проблемаҳоест, ки танҳо бо роҳи дастҷамъӣ ва ширкати васеи аҳли чомеа метавонад роҳи ҳалли худро ёбад.
То замоне, ки дар хонаводаҳо зулм ба ҳамдигар барои ҷомеаи мо чун айбу гуноҳ пазируфта нашавад, раҳоӣ аз ин мушкил зери суол аст.