Тибқи иттилои манбаъ, имрўз корхонаи мазкур 2162 нафар корманд дорад, ки 82% онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ба маҳзи афзудани истеҳсоли либоси мактабӣ, даҳҳо нафар бонуи дигар ба кор қабул карда мешавад.
Зимнан, ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» соли ҷорӣ 70 солагии оғози фаъолияти истеҳсолии худро таҷлил мекунад. Гуфта мешавад, ки давраи сермаҳсули истеҳсолии ин коргоҳ ба солҳои 1970-1980 рост меояд. Дар ин давра наздики 9500 нафар когар дар корхонаи мазкур дар се баст фаъолият мекарданд.