– Ин суруд дар бораи розу ниёзи ҷавонони дилбохтаи ноком аст, – мегӯяд Нозанин. –Ман ҳамчунин сароидани сурудҳои классикиро аз «Шашмақом» басо дӯст медорам.
Назар ба суханони сарвари бахши иттилоотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Никол Байер озмуни суруди англисӣ дар назар аст миёни ҷавонони 16-25-сола дар 6 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон, ки «Гӯшаи Амрико» амал менамояд, баргузор хоҳад гардид. Озмун бо пирӯзии донишҷӯйи соли дувуми бахши Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Парвиз Юсуфов, ки суруди овозхони амрикоӣ Аделро бо номи "Someone like you"иҷро кард, ба итмом расид.
Чунончи масъули «Гӯшаи амрикоӣ» дар Хуҷанд Мадина Пӯлотова таъкид дошт, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур шиносоиву тарғиби забону фарҳанги ҳамдигар, густариш ва таҳкими муносибатҳои байни мардуми тоҷику амрикоӣ тавассути суруд аст.