Абдулғаффори Камол, хабарнигори "Шабакаи аввал", барои муаррифӣ ва чеҳракушоии ду зани рӯзноманигори тоҷик - Фирӯза Саидова ва Саодат Одинаева дар озмун шоҳҷоизаро аз худ намуд.
Ҷоиза барои ҷои аввал ба хабарингори рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Умаралии Сафаралӣ тақдим гардид. Ин ҷоиза ба Умаралӣ барои кашфи як соҳибкорзан ва роҳбари 22-сола Шаҳнозаи Исроил супурда шуд.
Ба ин тартиб, 22 муаллифи озмуни «Чеҳракушоӣ» соҳиби ҷоиза ва диплому сипосномаҳои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» гардиданд. Дар маросими эҳдои ҷоизаҳо меҳмон аз мақомот ва идороти гуногуни кишвар, аз навоҳии дуру наздик ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд. Барои аксарияти меҳмонон ин озмун ва тартиби роҳандозии он писанд омада буд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Саидамирзод, муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", ҳамакнун номи ин 24 зан ба ҳукумат пешниҳод мешавад ва дар сурати пеш омадани зарурат онҳо ба мақомоҳои давлатӣ пазируфта хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ду моҳи пеш дар мулоқоташ бо занони кишвар аз нақши камранги онҳо дар ҳукумат ёдрас шуда, эътироф кард, ки аз 15 000 кадри раҳбарикунанда дар ҳукумати Тоҷикистон танҳо 5 000 нафарро занон ташкил медиҳанд ва бештари онҳо дар риштаҳои маориф ва тандурустӣ фаъолият доранд.