Озмун бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати вилояти Суғд амалӣ гардид. Тавре сардори ин раёсат Фаридун Ҳодибоев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарғиб намудани тарзи солими зиндагӣ, эҳё ва устувор кардани анъанаҳои неки рӯзгордории ниёгон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ҷилавгирӣ аз вайроншавии оилаҳо ва нишон додани нақши хушдоману хусур дар тарбияи оилаҳои ҷавон аст.
Дар интиҳо, бо қарори ҳакамон ба оилаи Боқиевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввалро сазовор дониста шуд. Намояндагони ноҳияҳои Спитамену Конибодом ҷойҳои дуввум ва саввум ишғол карданд. Ҳамчунин ба ҳама ширкаткунандагони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ба андешаи коршиносон баргузории озмунҳое, аз қабили «Арӯси шоистаю арзанда», «Ҷуфти муносиб», «Чаҳоряк аср бо ҳам», «Ним аср даст ба даст» дар ҳолате, ки дар ҷомеа падидаҳои номатлубе чун худкушиву ҷинояткорӣ, аз ҳампошии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, гирифтории ҳамсарони ҷавон ба бемориҳои гуногун нуфуз пайдо мекунанд, бисёр ба мавриду ҷоиз ва ҳадафмандона аст.