Сӯҳбат асосан сари масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Назира Ғаффорова қайд кард, ки дар Паёми соли гузашта раҳбари давлат иброз дошт, ки дар давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ то ду баробар зиёд хоҳад шуд. Соли гузашта дар доираи марҳалаи аввали татбиқи ин ҳадаф музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илми соҳавӣ 30, илмҳои академӣ аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ - 40 ва ҳамаи намуди стипендияҳо - 40 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ баланд бардошта шуд.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми он амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон - 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ - 30 фоиз зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин, стипендияҳои донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия - 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад.
Дар баробари ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанду аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд.
Ҳамчунин Назира Ғаффорова перомуни масоили дигари умда ва муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём инъикос ёфтаанд, ибрози назар кард.
Дар интиҳо ширкаткунандагони ҳамоиш як силсила пешниҳодоти ҷолибро ҷиҳати татбиқи Паёми Сарвари давлат ироа доштанд ва аз намояндаи мардумӣ хоҳиш намуданд, ки онҳоро дар сатҳи раёсати порлумон матраҳ созанд.