«Кадбону» духтарони синфҳои 9-10-11 –и мактабҳои гуногуни ноҳияро сарҷамъ намудааст, то аз маслиҳатҳои ройгони равоншиносону пизишкони амрози занона ва омӯзгорон, ки аз боби хонавода ва фарҳанги рӯзгордорӣ дарсашон медиҳанд, баҳравар шаванд. Дарсҳо моҳе чаҳор маротиба дар бинои мактаби миёнаи рақами 1-и маркази ноҳияи Ғончӣ баргузор мегарданд.
Замира Ахмадҷонова – мутахассиси бахши кор бо занҳо ва оилаи ҳукумати ноҳияи Ғончӣ чун як тан аз дастандаркор ва омӯзгори маҳфили «Кадбону» иброз дошт, ки моҳи январ, вақте бори нахуст маҳфили мазкур доир гашт, дар он ҳудуди 30 нафар духтарон ширкат варзиданд. Вале батадриҷ сафи дӯстдорони маҳфил зиёд гардида, имрӯз беш аз 50 нафарро ташкил медиҳад.
– Мо кӯшиш мекунем, ки ба духтарон аз зиндагӣ – бурду бохт, пастиву баландиҳояш ҳарф бизанем. Яке аз мушкилоти асосии хонадорӣ ин муносибати хушдоману арӯс маҳсуб мешавад. Баҳсҳои байни ин ду ҷониб дар бисёр маврид боиси аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон мегардад. Ҷавонон баъзан вақт ба зиндагии алоҳидаю мустақилона омода нестанд. Дар самти омода кардани духтарон ба зиндагиву рӯзғордорӣ нақши модарон бузург аст. Ин аст, ки мо таваҷҷӯҳи бештарро ба ҷанбаи ахлоқӣ равона сохта, барои якнавохту дилгиркунанда нашудани дарсҳо саҳнаҳои ҷолибу зиндаи ҳаётӣ омода месозем. Ҳадафи асосии ташкилкунандагони маҳфили «Кадбону», ин ҷилавгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, интихоби ҳамсари мувофиқу муносиб, додани донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ, тиббӣ, ба духтароне аст, ки ба синни балоғат расидаанд, – мегӯяд З. Аҳмадҷонова.