Зиёда аз 120-нафар журналистони ВАО аз марказ ва вилояти Хатлон дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд.
Пеш аз шурӯъи кори конфронс филме перомуни ҳаёт, фаъолият ва сарнавишти баъдии оилаҳои бархе аз қаламкашони шаҳид ва фавтидаи тоҷик намоиш дода шуд. Лаҳзаи сукут ба хотири журналистони фавтида низ чун ҳамасола риоя шуд.
Дар оғози конфронс, ки баъдан кори он дар се гурӯҳ идома ёфт, сарварони бархе аз созмонҳои журналистӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.
Аз ҷумла Акбари Саттор-раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ки баъдан ҳамчун сервазифатарин шахси сол соҳиби дипломи созмони «Афрӯз» гашт, чунин гуфт:
«Хеле хушоянд аст, ки созмонҳои ҷамъиятии журналистӣ сол аз сол ба ҳам тифоқтар мегарданд ва шарикиро дар корҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ мемонанд, ки мисолаш ин ҳамоиши имрӯза аст.»
Мавсуф бо табрики аҳли нишаст ба муносибати Рӯзи озодии баён ибрози андеша намуд, ки: «Се омил таъмингари озодии баён аст. Ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ.»
Сарвари анҷумани Миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Н.Қаршибоев аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки қазияҳои судӣ нисбати журналистон ва нашрияҳо имсол кам гаштаанд. Вале сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста ба муроҷиат ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи нави қонуни матбуот аз ҷониби Парлумон баррасӣ нагаштааст. Масъалаи дар ниҳодҳои гуногун ба қайдгирии нашрияҳо низ то ҳол номушаххасу нигаронкунанда арзёбӣ гардид.
То ҳанӯз даъвоҳои судӣ ва талаби маблағҳои гӯшношуниди даъвогарон боқӣ буда, танҳо бурди нашрияи «Миллат» дар мурофиаи судиро метавон аз муваффақияти журналистон дар чунин даъвоҳо шумурд.
Нафаре, ки нахост номаш зикр шавад, ибрози назар намуд, ки ин ҳама ҳангомаҳо сохта буда, баъдан аз ин тариқ нашрияҳо аз созмонҳои байналмилалӣ грантҳои калон мегиранд.
Вале Хуршеди Атовулло бо овардани чандин сабаб ва далелҳо гуфтаҳои хешро тақвият бахшид, ки озодии баён дар Тоҷикистон зери хатар аст. Мавсуф набудани қонун, номуайянии литсензиягирӣ, бастани торномаҳои интернетӣ, бо роҳи сунъӣ монеаэҷодкунӣ барои баъзе нашрияҳо ва ҳатто таҳдид ба ҷони бархе аз журналистонро аз зумраи чунин хатарҳо шуморид. Вале барои ҳозирин номушаххас буд,ки воиз ба ин гуфтаҳои баъдӣ чи мисоле дорад.
Дар ин ҳамоиш масъалаҳои: эҳтиром нагузоштани ҳуқуқи инсон аз ҷониби бархе аз журналистон, риоя нашудани одоби корӣ, матлабҳои тиҷоратиро чун мақолаҳои журналистӣ пешниҳоди хонанда намудан, пастии сатҳи маоши рӯзноманигорон, хабардӯздӣ ва чандин мушкилоти дигар чун масоили ҳалталаби соҳаи журналистика эътироф шуданд. Як пурсиши аҳли нишаст аз ҷониби сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Индем» Саймиддин Дӯстов собит намуд, ки ҳамагон бар ин назаранд, ки озодии баён дар Тоҷикистон ҳаст, вале бархе ҳам бар ин назар буданд, ки ким-чи хатаре барои аз байн рафтани онро ҳам, набояд нодида гирифт.
Ҳуриннисо Ализода
PS: Чанд ташкилоти журналистӣ бо истифода аз ин ҳамоиш озмунҳои худро ҷамъбаст намуда, ғолибонро мукофот доданд. Ҳарчанд аз рӯйи «реплика»-ҳои аҳли қалами онҷобуда, чун ҳамсола баъзе аз мукофотонӣ боз «аввал хешону баъд дарвешон» шуд, вале ҳамаи эътирофшудагонро аҳли қалами «Бонувони Тоҷикистон» муборакбод мекунад.