Зимнан, ба иттилои манбаъ, дар саросари Тоҷикистон аз 290 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1715 нафар дар қайди ҳаёт аст. Бештари ширкаткунандагони ҶБВ дар Вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Тавре Соима Муҳаббатова, раҳбари Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорати мазкур мегӯяд, аз рӯйи тақсимбандии ҷуғрофӣ, дар саросари вилояти Хатлон 657 , вилояти Суғд 475 , ВМКБ 23 , ноҳияҳои тобеи марказ 319 ва дар шаҳри Душанбе 169 нафар иштирокчии ҶБВ умр ба сар мебарад. Бештар аз 500 нафари эшон маъюби дараҷаҳои мухталифи ин ҷанг мебошанд.
Ба гуфти С. Муҳаббатова, ба ҳисоби миёна ҳар иштирокчӣ дар моҳ ҳудуди 550 сомонӣ нафақа дарёфт мекунад. Ҳамчунин ширкатдорони ҶБВ бидуни мамониат ҳаққи истироҳат дар осоишгоҳҳои кишвар, ҳаққи ройгон истифода бурдани нақлиёти ҷамъиятӣ ва имтиёз дар пардохти нерӯи барқро доранд.
Ҳамасола дар арафаи ҷашни пирӯзӣ бар фашизм - 9 май, дар саросари кишвар бо ҳузури ширкатдорони ин ҷанг маҳфилҳои идона баргузор мегардад. Имсол низ дар назар аст, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ чунин чорабиноҳо доир карда шавад.
Ахиран раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, супориш дод, ки аз фонди захиравии шаҳрдорӣ ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ барои кӯмаки яквақтаина ба ширкатдорони ҶБВ ҷудо карда шавад. Тавре котиби матбуотии шаҳрдорӣ Шавкат Саидов ба расонаҳо иттилоъ додааст, ин кӯмакпулиҳо бояд то рӯзи 5 май расонида шаванд.