Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии давлатро барои як соли дигар бозгӯ мекунад. Дар ин ҳуҷҷати муайянгари нақшаву стратегия, ки фарогирандаи тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати Тоҷикистон аст, масоили зиёди ҷомеаи мо ҷиҳати баррасӣ ва ҳал инъикос шудаанд. Ин гувоҳӣ дар солҳои наздик боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум аст.
Паёми Президент бори дигар мавқеи устувори давлати Тоҷикистонро дар муносибатҳои сулҳҷӯёнаву ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии неки дар асоси эътирофи ҳамдигарӣ, арзёбӣ намуд. Тоҷикистон омода аст барои рушди кишвар , зиндагии сазовори мардумаш дар муносибати некхоҳона ва ҳамкориҳои судманди тарафайн бо кулли кишварҳои олам муносибатҳои дипломатиашро тавсиа бахшида, аз рӯйи сиёсати дарҳои кушод, ҳамкориҳову робитаҳои дӯстӣ бо равобит барқарор намояд.
Вале дар мадди аввал манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ боқӣ хоҳанд монд, таъкид гардид, дар суханронии Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.