Ҷаноби Афтаб Аҳмад таъкид дошт, қисми асосии маблағҳои қарзӣ, барои ривоҷ додани соҳаи тиҷорати кишоварзӣ равона хоҳанд шуд, ки ин иқдом барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот мусоидат бояд кунад.
Дар чараёни имзои созишномаи ҳамкорӣ, раиси вилояти Суғд- Қоҳир Расулзода, раиси шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд- Наврӯз Валиев, раиси шаҳри Хуҷанд- Раҷаббой Каримов ва бонкдорону соҳибкорон, намояндагони расонаҳои хабарии кишвар иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми сандуқи қарзии Имон - Интернешнл дар ҳоли ҳозир 240 млн. сомониро ташкил дода, аз 46 ҳазор истифодабарандагони хидмати молиявии он, 17 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.