Ба гуфти табибони ноҳия зимни ҷарроҳӣ аз ду пойи Маҳина се тирпора гирифтанд. Аҳли оилаи Маҳина Гулова иддао доранд, ки шикорчиён ҳуқуқи маъмурии тирпарониро дар ҳавлии онҳо надоштанд. Аммо Пирхон Қаюмов, раиси ҷамъияти шикорчиёни Хатлон, иброз медорад, ки шикорчиён он рӯз шағоли гирифтори бемории ҳурриро нест карда, ҷони даҳҳо сокинони маҳалларо наҷот додаанд.
– Дар ин мавсим ҳодисаҳои ҳуҷуми шағолони ваҳшӣ ба деҳоти навоҳии Шаҳритус, Вахшу Бохтар зиёд мушохида мешавад. Дар ду моҳи охир бинобар сардии ҳаво дар ҷангалзор ғизои ҳайвонот кам шуда, ҳайвонҳо ба маҳалҳои аҳолинишин фаромада, сагу дигар ҳайвоноти хонагиро заҳролуд мекунанд – гуфт П.Қаюмов.