27
Ноябр, 2024
Чоршанбе
27
Ноябр, 2024
Чоршанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЧАРО БОНУВОН КАМ НАМОЯНДАИ ПРЕЗИДЕНТ МЕШАВАНД?
Кӣ сабабгор – раис, «серый кардинал» ё ..?
Бонувони кордон, як қадам ба қафо?
Оё 1 ба 24 тавозун аст?
Ба ҷойи раисони ноӯҳдабаро бонувон таъйин мешаванд?
Деҳа ба занон?
Занон аз ӯҳдаи ҳамагуна вазифаи душвор баромада метавонанд.
(Эмомалӣ Раҳмон)
Афсӯс, ки ин гуфтаи Президент танҳо дар шиору ҳисоботи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳатто дар Ҳукумат ҳам ба чашм мерасанду халос. Зеро дар шабу рӯзе, ки тағйироти кадрӣ мавзӯи №1 ҷомеаи мо буд, касе бовар надошт, ки фармоне тибқи моддаи 69-и Конститутсия гирди номи бонуи кордоне чарх занад, ки ба вазифаи раиси шаҳр ё ноҳияе дар Хатлон таъйин шавад. Ҳарчанд аз рӯи кор омадани барномаи давлатии «Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» 13 сол сипарӣ гаштааст, дар 25 шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 1 нафар бону - Малика Шукурова, вазифаи раиси ноҳияи Темурмаликро ба ӯҳда дораду халос. Боқӣ ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбари аввал, танҳо дар бахшҳои кор бо занон ва оила (ки қадре надоранд), САҲШ ва риштаи маънавиёт, ки вазифаҳои «занона» унвон гирифтаанд, мушоҳида мешавад. Чаро дар ҷомеаи Хатлон то ҳанӯз ҳам андешае, ки гӯиё бонувон иродаю бардошти масъулиятҳои ҷамъоварии андоз, саришта намудани соҳаи саноату дигар вазифаҳоро надоранд, ғолиб буда, дар панҷ соли охир шумораи бонувони раиси шаҳру навоҳӣ аз ду ба як нафар коҳиш ёфтааст?
Шаҳрро ба немисҳо супоред деҳаро ба занон
Мӯъмини Давлатхӯҷа, як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, мегӯяд: «Ман, ку бовар надорам бонуи кордоне ба ҳайси раиси ноҳия таъйин шавад, аммо лоақал барои ободии маҳаллаҳо мебояд роҳбарии ҷамоатҳои деҳотро ба занҳо бовар кард. (Ҳарчанд ин андешаи ҳамсӯҳбати мо ҳам стереотипи мардона ва имрӯзии ҷомеа аст, ки занонро ё дар ҷои дуюм, ё дар роҳбарии идеологӣ ва ё ақаллан дар вазифаҳои пасттаре нисбати мардон мебинанд – идора).
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ афсари олирутбае мегӯяд, ки: «Шаҳрро ба ихтиёри немисҳо супоред, то ҳамаро ба тартиб дароранд». Имрӯз бошад, аз ҳукуматдорон хоҳиш дорам, ки як муддат раисии ҷамоатҳои деҳотро ба ихтиёри бонувон гузоранд, то маҳаллаҳоро тозаву озода нигоҳ доранд. –Дар 20 соли охир,– мегӯяд Мӯъмини Давлатхӯҷа, бинои ҷамоати деҳоти мо як вайронаро мемонд. Вақте раиси ноҳия ба вазифаи раиси деҳот Бахтинисо Мирзоева - кадри ҳамин маҳалларо таъйин кард, ҷамоат аз қарзҳо халос шуда, биноҳои маъмурӣ таъмиру обод шуда истодаанд. Агар ҷамоати моро ба дигар ҷамоатҳои деҳоте, ки сарварии онҳоро мардҳо ба ӯҳда доранд, муқоиса кунед, боваратон меояд, ки бонувон ба чӣ қодир будаанд».
Бахтинисо Мирзоева, раиси деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ танҳо баъди 25 соли фаъолият дар корҳои ҷамъиятӣ, ба ин вазифа таъйин гашт: «Барномаҳои марбут ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дар сатҳи маҳалҳо иҷро намешуд. Дар ноҳияи мо бошад, таваҷҷӯҳ ба пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, аз замони раисии Рӯҳулло Ҳакимов оғоз ёфт, – мегӯяд Бахтинисо. –Деҳоти моро дар гузашта Шветсариёи хурдакак мегуфтанд. Зеро омезиши қавму миллатҳои русу немис, гурҷию арманӣ, тотору молдован ва дигар миллатҳо дар ин ҷо як маданияти хосаеро ба вуҷуд овардаву он зеботарин маҳаллаи ноҳия маҳсуб меёфт. Духтарони мо дар муҳити шарқу аврупоӣ ба воя мерасиданд. Чуноне зикр кардам, то соли 2009 ҳукуматдорон ба нерӯи кадрии бонувони мо таваҷҷӯҳ надоштанд. Аз ин рӯ, аз ин маҳалла, ба ҷуз духтуру омӯзгор дигар дар ягон соҳа бонуе рӯи кор наомад. Ҳоло дар ноҳияи мо якчанд зан дар риштаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунад, ки баъди муддате метавон бо боварӣ, ақаллан ба вазифаҳои муовини раис оид ба иқтисод, бахшҳои андозу молия пешбарӣ намуд. Баъди кор дар ин зинаҳои хизмати давлатӣ, бонувон метавонанд аз ӯҳдаи раисии ноҳия ҳам бароянд».
Чаро «офаранда»-и мансабдорон раису вазир намешаванд?
Коршиносони масоили умури идоракунии давлатӣ мегӯянд, ки раисони ноҳия бояд дар баробари иқтисодшиноси хуб будан, инчунин лоиҳаи панҷ соли ояндаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии (яъне стратегия) ноҳияи роҳбарӣ мекардаашонро рӯйи даст дошта бошанд. Дар Хатлон мисли Гулбаҳор Хоҷаева, муҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бонувони иқтисоддону молияшинос ангуштшуморанд. Ин насл дар мушкилтарин солҳои 90, бо ранҷу азобҳои зиёде таҳсилу дар соҳаи иқтисодиёти вилоят кор кардаанд. Аммо, баъдан меъёрҳо дигар шуда, бонувони мутахассис ба ҷойи боло, поин рафтанд. Гулбаҳор Хоҷаева баъди хатми техникуми кишоварзии ноҳияи Бохтар, муддате ба ҳайси муҳосиб ва мутахассиси иқтисодшинос, дар ташкилотҳои гуногун фаъолият менамояд. Баъдан, донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм намуда, якчанд сол дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав ва Раёсати молияи вилояти Хатлон, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯро Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ба сарраёсати молияи вилоят овард. Аммо дар доираҳои ҳукуматӣ, ки Гулбаҳорро «Леди-финансист» ном мебаранд, мегӯянд, ки ӯ, бешубҳа, сазовори вазифаҳои баландтар аст.
Худи ӯ, ки боре ҳам дар расонаҳо исмаш зикр нашудааст, оид ба камҳузурии бонувони Хатлон дар курсиҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят чунин андеша дорад: «Сабаби ҳузур надоштани бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ин аст, ки аз оғози амалӣ гардидани барномаҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, кадрҳои хубро дар зинаҳои аввали хизматӣ таъйин намекарданд. Дар дигар мавридҳо бошад, бонувони соҳибихтисос ба вазифаҳои болотар пешниҳод нашуданд.
Бонувони хатлонӣ иддао доранд, ки бояд як комиссияи вижа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, мушкилу монеаҳои бону-кадрҳои болаёқатро дар музофотҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад. Зеро як сабаби муаррифӣ нашудани онҳо бетаваҷҷӯҳии раисон-мардҳо бошад, сабаби дигар, баъзе монеаҳои иҷтимоие мебошанд, ки садди роҳ мешаванд.
Ду андеша
Шоира Атабаева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Нобоварӣ ба иродаю имкониятҳои бонувони кордон, ақидаи кӯҳнаи замони шӯравист. Зеро дар 70 соли режими мазкур бонуе дар водии Вахш дар чунин вазифаи баланд таъйин нашуда буд. Ин шеваи тақсимоти вазифаҳои иҷтимоӣ, ки ба бонувон танҳо шуғли хонаву боғча, мактабу беморхона ва кори саҳрову фабрикаҳо расидааст, назари ҷомеаро нисбат ба зан дар муҳити носолим тарбия менамояд». Ба гуфти Шоира аз ҳисоби бонувони сиёсатмадор, менеҷерон, мутахассисони барқу саноат ва иқтисод метавон раисону вазирони ояндаро тарбия кард, агар дар мақомоти маҳаллӣ барои онҳо «роҳ» кушода шавад.
Фаъолияти назарраси бонувон дар ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гувоҳӣ он аст, ки, агар дар мақомоти давлатӣ ҳам монеаҳо бартараф гарданд, сафи занони роҳбар хоҳад афзуд.
Ойимнисо Саидшоева, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷиликӯл, бар ин назар аст: «Дар вилояти Хатлон ба сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса надоранд. Кори бахши занон ва оилаҳо дар сатҳи ноҳияҳо хуб ба роҳ монда нашуда, сиёсати гендерии давлат дар рӯйи коғаз мемонад. Оид ба ин мавзӯъ дар ҳузури раисони Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят ва ҷумҳурӣ баҳс кардаам, аммо натиҷае ба даст наомад. Иштибоҳи дигар дар сатҳи мақомоти маҳаллист, солҳои пеш дар интихоби бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда аксаран меъёр ҳусну ҷамол, хешутаборӣ ва дигар нишонаҳои носолим буд. Вақте ба роҳбарии ҷамоат бонувоне таъйин мешаванд, ки боварии халқро арзанда нестанд, эътимоди мардум нисбат ба мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ коста мегардад. Мутаассифона, дар баъзе маҳалҳо вазифаи раиси деҳотро қариб меросӣ кардаанд.
Кадрҳои бе «крыша» як қадам ба қафо?
Дар асл пешбарии бонувони хатлонӣ ба вазифаҳои баланди роҳбарӣ, минҷумла раисони шаҳру навоҳӣ, аз раиси вилоят Ғайбулло Афзалов ҳам вобастагӣ дорад. Аммо дар муаррифии бонувони кордон аз раиси вилоят дида, масъулони сохторҳои тобеъ, ки машғули омӯзиши захираҳои кадрии Хатлон мебошанд, нақши калидӣ бозида метавонанд. Зеро маҳз онҳо «досье»-и бонувонро болои мизи кории раис мегузоранд. То кадом андоза шаффоф будани кори чунин масъулонро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунем. Аммо дер ё зуд «сир»-и таъйин нашудани бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда «фош» мешавад. Зимни нишасти матбуотӣ аз раиси вилояти Хатлон пурсидем, ки «Дар 25 шаҳру навоҳии Хатлон ҳамагӣ як нафар бону раиси ноҳия аст. Оё номзадии ягон бонуи кордонро ба раисии ноҳия ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаед, ё то ҳанӯз «ҳолнома»-и чунин занон ба Шумо нарасидааст? Оё 1 раисбону ба 24 раисмардро аз баҳр қатрае дар тавозуни тақсими гендерии мансабҳо метавон шумурд?»
Ғайбулло Афзалов чунин посух дод: «Дар давоми фаъолияти ман ба ҳайси раиси вилояти Хатлон ба тамоми вазифаҳои муовини раиси ташкилоту идораҳои вилоятӣ бонувон таъйин шудаанд. Ҳамзамон дар 154 ҷамоати шаҳраку деҳот бонувон ба вазифаи муовини раис таъйин шуда истодаанд. Мо акнун шумораи бонувони роҳбарро зиёд мекунем. Зеро бонувон нисбат ба мардон меҳнатдӯсту масъулиятшинос мешаванд. Бонувон табиатан ободкорию созандагиро дӯст медоранд».
Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки аз ин пас ба ҷойи раисони ноӯҳдабаро сафи бонувони роҳбар меафзояд. Дар охир, бо такя ба баёнияҳои расмии мақомоти Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, дар кишвари мо озодии баён таъмин аст, афкори умумеро, ки дар дохил ва берун аз долонҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба гӯш мерасанд, ироа мекунем: «Мушоҳидон дар муаррифӣ нашудани бонувони кордони Хатлон, сабабгори асосӣ масъулони зерсохторҳои ин ҳокимиятро медонанд, ки «муаррифинома»-и занони болаёқатро то мизи кории Ғайбулло Афзалов намерасонанд.
Гарчанде корҳои зиёде аз назари ҷомеа пӯшида монанд ҳам, мардум тавони он даркро доранд, ки нотавонбинии баъзе масъулон, сиёсати кадрӣ-гендерии ҳукуматро зери суол мебарад. Он ашхосеро, ки кирдорашон ноаён, аммо таъсири амалашон дар коргузории давлат эҳсос мешавад, мардум дар сӯҳбатҳои худ «серый кардинал» ном мебаранд. Барои пешгирӣ намудани чунин афкор ва амалӣ гаштани сиёсати гендерии Президент, раисонро мебояд, ки дар шохаҳои марбут ба сиёсати гендерии кадрӣ ислоҳоти ҷадид ба амал биёранд. Вагарна бонувони аз коргузории давлат барканор монда, як қадам ба қафо, ё қадами қатъие ба сафи муҳоҷирони корӣ мегузоранд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
:.
Хабарҳо
28.02.2012 11:54
3394
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz