27
Ноябр, 2024
Чоршанбе
27
Ноябр, 2024
Чоршанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Атола - сабаби марги панҷ нафар
Робиямоҳ Иброҳимова, бонуи дигар мегӯяд, ки аз як оила ҳамон рӯз чор нафар заҳролуд шудаанд.
Шамсия Сангова, яке аз осебдидагон дар робита бо мавзӯъ чунин ибрози назар кард: «Баъди истеъмоли атола саломатиам мӯътадил буд. Вале каме баъдтар худро баъд ҳис кардаму маро ба беморхона оварданд. Аз авлоди мо чанд нафар заҳролуд шуданд. Ду нафар, янгаву келинамон фавтиданд. Дигарон алъон дар беморхона ҳастанд».
Мирзо Саидов, мудири шӯъбаи калонсолони беморхонаи сироятии шаҳри Кулоб мегӯяд, ки тақрибан соатҳои 21-и шаби 23 феврал ба беморхонаи мазкур 22 нафарро бо аломатҳои заҳролудшавӣ бистарӣ кардаанд. «Баъзеҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Мутаассифем, ки панҷ нафар фавтиданд. Тамоми кӯшишҳоро кардем, аммо дер шуда буд» - гуфт, номбурда.
Сабаби сар задании ҳодисаро Ҷамшед Рофиев, директори Маркази назорати давлати санитарии эпидемологии шаҳри Кӯлоб муфассалтар чунин шарҳ дод:
- Дар маҳаллаи Нонвойи поён ҷаноза мешаваду яке аз хешовандон ва ҳамсоягони марҳум, атолла пухта ба хонаи мурдадор меорад. Аз таом ба ҳузурдоштагон як косагӣ пешниҳоди хӯрдан мекунанд. Баъзеҳо, ки аз он зиёдтар мехӯранд, дар ҷои ҳодиса аз ҳуш мераванд, аз ҷумла худи ошпаз низ. Камтархӯрдагон дилбеҳузуриву сарчархзаниро эҳсос карданд.
Мутаассифона, дар пайи сар задании ин ҳодиса 22 нафар заҳролуд шуда, 5 нафар, Иброҳимова Оишамоҳ (соли таваллуд 1963, сокини шаҳри Кӯлоб), Алимардова Ниҳолбӣ (соли таваллуд 1945, сокини шаҳри Кӯлоб), Аминова Давлатбӣ (соли таваллуд 1945, сокини шаҳри Кӯлоб), Ҳайдарова Олиямоҳ (соли таваллуд 1963, сокини ноҳияи Панҷ), Ҳайдарова Фотима (соли таваллуд 1933, сокини ноҳияи Бохтар) ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар натиҷаи тафтишот маълум гашт, ки ошпаз вақти тайёр кардани хӯрок ба ҷои намак, хокаи ба он монанди нитрати натрийро ҳамроҳ кардааст.
:.
Хабарҳо
28.02.2012 09:25
3812
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz