«Сехи қолинбофӣ дар як бинои бекорхобидаи ҷамоати деҳоти мазкур бунёд мегардад. Асосан ин ҷо таҷрибаи ҳунару маҳорати қолинбофии туркмандухтарони таҳҷоӣ истифода мешавад», иброз дошт мавсуф.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии туркманҳо дар ноҳияи Ҷилликӯл ба 10 ҳазору 668 нафар мерасад. Қолинбофӣ бошад, аз ҳунарҳои аҷдодии туркманҳои маҳаллӣ дониста мешавад, ки маҳсули меҳнати онҳо бо сифати хубу зебоии махсус дар дохилу хориҷи кишвар харидорони зиёде пайдо кардааст.