Муовини додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ Хуршед Мустафоқулов афзуд, табааи афғон, ки солиёни зиёд ба ҳайси паноҳанда дар Тоҷикиситон кору фаъолият мекард ва зану фарзанд дошт, бо роҳи фиреб дили хоҳарарӯсашро ба даст оварда, ӯро ба он тарафи марз бурд.Ба гуфтаи ин мақоми тафтишотӣ интиқоли ғайриқонунии духтари ноболиғ тавассути гузаргоҳи марзӣ бо розигиаш сурат гирифтааст, зеро рӯзи баргузории бозор ба рӯйи вай фаранҷӣ кашида, ба он тарафи марз гузаронданд.Табааи афғон даъво дорад, ки хоҳарарӯсашро ба никоҳаш даровардааст, аммо шаҳрванди ноболиғи тоҷик, ки зодаи ноҳияи Варзоб мебошад, аз кардааш пушаймон шуда, ба ватан баргаштан мехохад. Зудбоварии духтари ноблолиғи тоҷик ӯро ба чунин мушкилот дучор кардааст,-изҳор дошт муовини додситони гарнизони ҳарбии гарнизони Хоруғ Хуршед Мустафоқулов.
Марзбонони тоҷик аз қочоқ шудани духтари ноболиғ вақте хабар ёфтанд, ки бо анҷоми бозор асноди ҳуввияти ин шаҳрванди ноболиғ дар дасти назоратчиёни дари даромад ба бозор мондаст.
Аммо пурзӯр шудани низоми тафтишотӣ ба бархе аз мансабдорони марзбонӣ ва гумруки вулусволии Бадахшони Афғонистон хуш наомада, онҳо вруруди тоҷирони афғонро ба бозор манъ карданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Акрамшо Кучакшоев изҳор дошт, ки бозорҳои марзӣ ба мақсади мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатии сокинони ду тарафи деҳоти марзӣ таъсис ёфта, дар густариши муносибатҳои ҳамгироӣ ва тиҷоратии тарафайн нақши муҳим доранд. Вай изҳор дошт, ки айни ҳол ҷониби вулусволии Ишкошими Афғонистон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти ноҳия хостори аз сар гирифтани тиҷорат дар бозори марзӣ шудаанд. Вай афзуд, ки пурзӯр гардидани низоми тафтишотӣ дар гузаргоҳ , ки ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои қочоқи алкул ва убуру мурури ғайриқонунӣ тавассути гузаргоҳҳо роҳандозӣ шудааст, набояд чун баҳоне барои монеъ шудан ба тиҷорат истифода шавад.
Айни ҳол дар ВМКБ 4 бозори марзӣ, воқеъ дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ амал намуда, бозори марзии Ишкошим калонтарини онҳо арзёбӣ мешавад.
Ш.Мирзоҷалол