Ҷонона Холбобоева мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, иброз медорад, ки ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ аз ҳисоби бонувон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ,фарҳангу дигар соҳаи риштаи маънавиёт назаррас аст. Дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 121 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. «Мутаассифона, мо дар соҳаи саноат аз ҳисоби бонувон кадрҳои роҳбар надорем» –мегӯяд ӯ.
Пурсишҳо собит месозанд, ки бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои истеҳсолии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъол нестанд. Тибқи иттилои бахши занон ва оила ҳамасола аз 20 то 27 нафар ҷавондухтарони шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр барои таҳсил ба мактабҳои олии кишвар ва берун аз он фиристода мешаванд.