Дар баробари ин, бо фарорасии фасли гармо ва истифода аз обҳои нӯшокии аксаран ифлос, хавфи афзоиши бемориҳои сироятии махсусан хавфнок: бурселезу гепотити А ба миён меояд.
– Хатари авҷгирии бемориҳои тарбод, фишори хун низ дар ноҳияи мо, ки чун минтақи намнокии заминҳояш баланд дониста шудааст, ба маротиб зиёд мебошад, – гуфт Маҳмадқул Шарипов, мутахассиси бемориҳои амрози дарунии беморхонаи мазкур .
Чуноне ки мутахассисон мегӯянд, дар ноҳияи А.Ҷомӣ вобаста ба намнокӣ бемориҳои гурда, зиёдшавии намак дар организм, фишори баландии шараёни хун бештари мардумро азият медиҳад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчӣ зудтар бояд масъулин сари ҳалли масъалаи ба миёномада чораҳо андешида, барои сокинони чунин минтақаҳо дар ҷойҳои барои саломатӣ бехавф, қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ҷудо намоянд.