Ба иттилои судя А. Мухторов 6-уми декабри соли 2011 дар бинои суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе охирин мурофиаи судӣ нисбати М.Шамсов– собиқ роҳбари ҶДММ «Кӯҳандиз», маъруф бо номи Корхонаи пӯсти Душанбе баргузор шуд.
Тибқи айби эълоншуда М. Шамсов бемасъулиятӣ карда, давоми чанд соли охир партовгоҳи корхонаро тоза накардааст, ки дар натиҷа ахлоти ҷамъшуда аз худ гази заҳролуд хориҷ карда, боиси марги 6 тан шуд.
«Алҳол, ки ҳукми баровардашуда ба ҳукми қонунӣ надаромааст, давоми даҳ рӯз ҷониби ҷабрдида барои такроран омӯзиши парванда ва баёни норозигии худ метавонад ба суди кассатсионӣ муроҷиат намояд. Баррасӣ, раванди шунид ва дар умум қабули ҳукми мазкур одилона ва қонунӣ буд. Агарчи ҷиноят аз рӯйи беэҳтиётӣ сар задаву ҷабрдидаҳо ҳеҷ гуна даъво пеш наоранд ҳам, набояд ҳеҷ як ҷиноят беҷазо монад»,- қайд кард Мухторов А.
Бояд гуфт, ки 6 нафар – Мирзомаҳмуд Маҳмудов, Ҷӯрабек Мирзоев, Тӯйчибек Абдураҳмонов, Наврӯз Зуҳуров, Амриддин Шонуриддинов ва Аҳмадбек Худойдодов рӯзи 24-уми августи соли равон ҳангоми тоза кардани партовгоҳи корхона заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.