Ба гуфтаи Саодат Қурбонова таъмини сокинони ноҳияи Носири Хусрав бо матбуоти даврӣ муҳимтарин воситаи баланд бардоштани маънавиёти мардум ва ҷалби ҷомеа ба масоили давлатдорӣ аст.
Ашӯр Валиев, раиси ноҳияи Носири Хусрав иброз медорад, ки идораю сохторҳои давлатӣ тасмим доранд, ки сол ба сол теъдоди обуна ба матбуоти давриро зиёд намоянд. Зеро талабот ба матбуоти даврӣ ва баланд бардоштани сатҳи китобу газетахонии мардум яке аз омилҳои асосии рушду тараққиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад
Фирӯза Холбоева омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1 ноҳия бар ин назар аст, ки агар мардум дарк намоянд, ки аз маҳсулоти хӯрока дида, ғизои маънавӣ муҳимтар аст, дар ноҳияи кӯчаки мо низ дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ пайдо мешаванд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, агар барои баланд бардоштани сатҳи рӯзномахонии мардум як-ду сол аз ҳисоби буҷети давлат маблағ барои обунаи аҳолии камбизоат ҷудо карда шавад, бо мурури замон мардум худ рӯ ба матбуоти даврӣ меоранд.