- Мо ба наздикон ва хешу табори марҳум арзи тасаллият карда, сабри ҷамил мехоҳем. Ҳамзамон, аз Прокуратураи генералии Федератсияи Русия ва масъулони шаҳри Санкт Петербурги ФР, қотеъона талаб мекунем, ки сабаби ин куштори ваҳшиёнаро сари вақт муайян карда, қотилонро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Ин ҳодисаи аввалине нест, ки дар ин кишвар нисбати муҳоҷирони тоҷик, гурӯҳҳои ҷиноятпеша раво мебинанд,- гуфт Ш. Зуҳуров.
Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки аз мақомоти роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии Федератсияи Русия талаб мекунанд, ки пеши роҳи чунин амалҳои зишту ваҳшиёна гирифта щаванд.
Вобаста ба ин ҳодиса эҳтимол аст, ки раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи парлумони Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанов, бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни тафтиши қазияи рухдода ва вазъияти кору зиндагии муҳоҷирон ба Русия сафар кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия миллатгароёни рус, ду рӯз қабл сари шаҳванди Тоҷикистон Бахтиёр Расуловро, ки зодаи вилояти Хатлон буд, аз тан ҷудо карда, ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ заданд.