Лоиҳаи қонуни мазкурро 23 ноябр вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров муаррифӣ намуда, таъкид карданд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи ќонуни мазкур ин озод намудани ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ аз ҳисоби дар соли 2011 ворид намудани 30 000 тонна мазути камсулфур барои таъмин намудани эҳтиёҷоти истеҳсолии љамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ» - и шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи аз эътибор соқит донистани Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамроалиев суханронӣ кард. «Ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷиҳати таъмини ҳамоҳангсозӣ миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мусоидат менамояд»,-гуфт ӯ.
Таъкид шуд, ки зарурати аз эътибор соқит донистани «Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар он аст, ки ҳангоми аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004, Низомномаи мазкур қувваи ҳуқуқии худро гум кардааст ва ба талаботи қонуни нав «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 25 марти соли 2011 низ ҷавобгӯ намебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» низ пас аз муҳокимаҳои зиёд қабул гардид.
Аз ҷумла, қайд шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф кардани мухолифати байни қонунҳо ва вазифаҳои ойинномавии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 15 - и ҳамин қонун ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа вазифадор карда шудааст, ки дар мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон кӯмак расонад, оид ба сифати тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ масъул мебошад.