Сунатулло Мирзоев сарҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон мегӯяд: «Азбаски имрӯз ин масоҳат майдонҳои аз дарахт холии ҷангал барои чарогоҳҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои чорподорӣ дода шудааст, мо ҷангалпарварон наметавонем майдонҳои холиро ҷангалпӯш кунем. Имрӯз дар мувозинати Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 49000 гектар заминҳои куҳӣ мебошад, ки аз ин 12000 гектараш ҷангалпӯш аст. Мо дар 10600 гектар писта, 971га бодом ва 400 гектар дигар намуд дарахтони кӯҳиро сарсабз нигоҳ медорем. Аммо 37 ҳазор гектар заминҳои кӯҳии тобеи муассисаи мо низ аз дарахтон холӣ аст.»
Ба гуфтаи сарҷангалбон Сунатулло Мирзоев ҳамасола барои ҷангалпӯш кардани хоҷагиҳои ҷангали вилоят аз буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зиёд ҷудо мешавад. Аммо азбаски майдонҳои холи заминҳои кӯҳистонро чорподорон намесупоранд, мо наметавонем барномаи зиёд кардани масоҳати майдонҳои ҷангалпӯшро амалӣ намоем.
Ба гуфтаи манбаъ соли 1996 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдонҳои аз дарахтон холии заминҳои кӯхистон барои чарогоҳ ба хоҷагиҳои чорподорӣ ба иҷора дода шуда буд. Баъдан аз 10.05 соли 2005 инҷониб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 396 қарор бароварда буд, ки дар асоси он заминҳои ҷангал ба мувозинати Муассисаҳои давлатии ҷангали вилоят баргардонида шаванд. То ин муддат 3 маротиба бобати иҷроиши ин қарор аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ супориш ирсол гардид, аммо дар сатҳи вилояти Хатлон ин супоришҳо иҷро намешаванд.
Тибқи баъзе маълумотҳо дар муддати ба чорподорон ба иҷора додани заминҳои кӯҳӣ бештари хоҷагиҳои чорподор ин заминҳоро сертификат карда, дигар баргардонидан намехоҳанд.