Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машотаҳо, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии саршуёну арӯсбаророн, кокулбофӣ, амали зебопарастию густариш ёфтани маънавиёти мардум мебошад.
Ҳамчунин, ба ин васила баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мебошад. Тавассути баргузории чунин Фестивалҳо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи матоъи миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад.
Тибқи гуфтаи масъулин ҳадафи дигари ин чорабинӣ тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ мебошад. Зеро дар ҳар минтақањои Тоҷикистон парваришу ороиши муй ҳарранг буда, он дар расму оини ҳамон маҳал рӯшан инъикос ёфтааст ва дар маросими тӯю тамошо бо ҳунари волою сарояндагию раққосӣ, таронаву бадеҳахонӣ тӯйҳои арӯсию домодӣ манзури мардум мегардад. Аз ин рӯ, дар ҳар бахшҳои баргузоршудаи фестивал, аз ҷумла, дар саҳнаҳои «Варзоб ба дара», «Бозори Қаратоғ», «Ҳисори шодмон», «Дараи Камароб», «Бӯи ҷӯи мӯлиён», «Дилдодаи ман» ва «Чилдухтарон»-у «Арӯси Хатлонӣ» ороиш ва зебоии мӯйҳои занону духтарон ва анъанаҳои мардуми минтақаҳои кишвар ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бояд гуфт, Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар се давра сурат гирифт. Даври аввал дар мактабу муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, даври дуввум бо муайян намудани беҳтарин бонуи гесӯдароз машшотаҳо ва ҳунармандони халқию санъаткорон дар шаҳру ноҳияҳо, вилояту водиҳо баргузор шуда, беҳтаринҳо тариқи роҳхат дар даври саввум дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Дар маҳалҳо дар баргузор шудани даври аввалу дуввуми фестивал шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, маориф, созмони ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо масъул буда, бо ташкил намудани кумитаҳои тадорукот, роҳандозӣ кардани фаъолияти муттасадиёну роҳбарон ва қазовату пешниҳоди мутахассисони варзидаи соҳа, барои иштирок дар даври саввуми Фестивал беҳтаринҳоро муайян мекунанд.