Дар оғози мурофиа ёвари додситони вилояти Хатлон Толибҷон Азимов ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро вазнин хонда, аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаб кард, ки ин ҳукмро камтар кунад.
Аммо Ғулом Бобоев, вакили мудофеи халабонҳо аз додгоҳ хост, ки нафарони таҳти ҳимояти ӯро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунон "сафед" кунад. Вале на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.
Аз рӯйи маълумоти пешӣ дар таърихи 8-уми ноябр Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард.
Ҳарчанд, намонядаи додситонӣ ва муҳофизи ҳуқуқии халабонҳо мегуфтанд, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ надорад, аммо таъсири он ба робитаҳои Тоҷикистону Руссия будубошти муҳоҷирони кори мо бе таъсир намонда буд.
Дар берун аз панҷараҳои додгоҳи вилояти Хатлон теъдоди зиёди шаҳвандони Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд, ки ҳукми додгоҳро интизор буданд. Сафарали Раҳматов як сокини Хатлон гуфт: «Мо интизори онро дорем ки халабонҳо озод шаванд то фарзандони муҳоҷири мо аз таҳхонаҳои Руссия баромада, озодона аз пайи кору зиндагӣ шаванд. Мо ҳукми додгоҳро шунидан замон ба фарзандонамон телефонӣ хабар медиҳем».