– Мо асосан навъҳои беҳтарини дарахтони зардолуи «мирсанҷалӣ» ва «бобоӣ»-ро дар ин боғҳо шинонида парвариш мекунем. Дар заминҳои мавзеи Уртабуз дар майдони 20 гектар «Боғи миллӣ» бунёд кардем, ки он ҷо дарахтони гуногуни мевадиҳанда гирд оварда шуданд, – гуфт Қ.Каримов.
Гуфта мешавад, ки корхонаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия низ боғҳои мевадиҳандаи содиротиро дар ҳудуди ноҳия ташкил ва парвариши меваҳои хушсифати маҳаллиро ба роҳ мондааст.
– Аз рӯи талаботе, ки нисбати меваҳои мо дар хориҷ ҳаст, мо тасмим гирифтем имсол боғҳои мевадиҳандаро дар ноҳия зиёд карда, меваҳои хушсифати тоҷикиро ба хориҷ интиқол диҳем, – қай кард раиси ноҳия.