Дар кишварҳои арабӣ аз ин ҷашн бо номи «Меҳрҷон» ёд мешавад. Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад. Бар асоси қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҷашни Меҳргон бояд ҳар сол якшанбеи севуми моҳи октябр баргузор шавад, вале ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон ҳамакнун Сардори давлат 8 октябрро замони таҷлил аз Меҳргон таъин кардааст.