Ба гуфтаи манбаъ айни замон қарз аз истифодаи газ ба 10 миллиону 964 ҳазор сомонӣ мерасад, ки аз ин маблағ 6 миллиону 276 ҳазор сомонии онро қарзҳои корхонаи Азот, ки чандин сол қабл барҳам хӯрда буд, ташкил медиҳад.
Ҳамчунин қарзи аҳоли аз истифодаи гази табии ба 4 миллиону 788 ҳазор сомонӣ мерасад. Сари вақт Ҷамъовари нашудани ҳаққи истифодаи гази табии КФБ «Қӯрғонтеппагаз»-ро аз андоз 3 миллиону 600 ҳазор қарздор кардааст, ки аз ин маблағ 3,2 млн қарзи корхонаи азбайнрафтаи Азоти шаҳри Сарбанд мебошад.
Айни замон аз кони маҳаллии «Қизил тумшуқ»-и ноҳияи Ҷ. Румӣ 15-16 ҳазор куб газ истеҳсол мешавад. Агар корҳои таъмирии конҳо гузаронида шавад, дар як шабонарӯз аз ин конҳо то 40 ҳазор куб газ ихроҷ мешавад, - мегӯяд Давлат Ҳомидов.