Табибони таваллудхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медоранд. ки вазъи саломатии тифлон хуб буда, яке аз духтарҳо 2,4 кг ва як писару як духтарча 2 килограмӣ вазн доштаанд. Вазни умумии кӯдакон 6,4 кг аст.
Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Бибишамсия Абдураҳимова, ки ба аёдати модару кӯдакон рафта буд. иброз дошт, ки дар 10 рӯзи охир дар таваллудхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа 4 ҳолати ба дунё омадани фарзандони дугоник ва як ҳолати таваллуди сегоникҳо ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои шӯъбаи САҲШ шаҳри Қӯрғонтеппа бори охир дар маркази Хатлон соли 1998 фарзандони сегоник ба дунё омада буд. Алъон ин кӯдакон солим ба воя расида истодаанд.