Бародари Исмон - Илҳом Миралиев мегӯяд, ки бародари ӯ бо сабаби қайди муваққатии истиқомат надоштан аз ҷониби милисаҳои Русия боздошт шудааст. Ӯро давоми шаш моҳ дар боздоштгоҳи махсуси ислоҳӣ нигоҳ доштаанд. Бо сабаби шароити бад доштани боздоштгоҳ саломатии додараш хеле бад шудааст. Мо маҷбур шудем, ба як нафар хеши наздикамон, ки дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав кор мекард, занг зада, ба восиати ӯ додарамро аз он боздоштгоҳ барорем. Ҳатто рӯдаҳояш захмӣ шудаанд. Худро нотоб ҳис мекунад. Барои аз ташхиси тиббӣ гузаштану барқарор кардани саломати худ бародарам ба шаҳри Душанбе рафтааст.
Исмон Миралиев оиладор буда, соҳиби ду фаразанд аст. Маротибаи якум ду сол пеш ба мардикорӣ ба Федератсияи Русия рафта, пул кор карда фиристода будааст. Баъди ду соли дар Ватан будан боз баҳори имсол ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ҳамагӣ як маротиба баъди ҷои кор ёфтан тавонистааст 200 доллари амрикоӣ ба хона фиристад. Барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва ба Ватан баргаштани ӯ бошад, аҳли хонавода1000 доллар масраф кардааст.