Ташаббуси саноатчиёни вилояти Суғд дар мавриди истифодаи васеи ангишт чун сӯзишвории алтернативӣ дар пешбурди саноат боиси таҳсину пайравист, маънӣ бардоштем мо аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон дар ин ҷаласа.
Савари давлат таъкид бар он дошт, ки Вазорати энергетика ва саноат бояд пешниҳоди илмии таъминоти бахши саноатро бо сӯзишвории алтернативӣ ва рушди соҳа ҳар чи зудтар барои баррасии Ҳукумат омода созад.
Раисони кулли шаҳру навоҳӣ супориш гирифтанд, ки фурӯши гази моеъро таъмин намоянд. Ҷаноби Олӣ дар мавриди захираи ҳар чи бештари маҳсулоти хӯрока чӣ барои зимистони соли оянда ва чӣ барои ҳолатҳои фавқулодда, аз масъулини Тоҷикматлубот ҷиддияти хосро талаб намуд.
Як нуқтаи муҳим дар суханронии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ахбори бардурӯғи масъулин оиди омодагии соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ба зимистонгузаронӣ буд. Мавсуф таъкид дошт, ки баъзе роҳбарони бемасъулият ҳама чиро айби зимистон карда, танҳо обу ҳаворо гунаҳгор дониста, пайи ислоҳи мушкилот намегарданд.
Валангор шудани роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, - гуфт Президенти кишвар боз латма ба кисаи халқ мезанад, мошинҳои мардум фарсуда мегарданду маблағи зиёди онҳо барои таъмири мошинҳо масраф мешавад. Таъкид гардид, ки ба сифати роҳсозӣ тавҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шавад, зеро таъмирталабии ҳарсолаи роҳҳои дихилии шаҳри Душанбе гувоҳи ба талабот ҷавобгӯ набудани таъмири роҳҳост.
Масъалаи стратегияи рушди занон низ яке аз мавзӯъҳое буд, ки Президенти кишвар ба он таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд. Дар ин миён ӯ гузаронидани озмунҳоро барои интихоби кадрҳо ва аттестатсияи кормандони идораҳои давлатиро барои беҳтар кардани сифати кори мутахассисин, зарур ҳисобид.
Дар даҳ соли охир ҷавононони зиёде макотиби олиро хатм кардаанд, вале ҳанӯз мушкили ҷойҳои корӣ ва сифати кадртайёркунии макотиби олӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, кайд гардид дар ҷаласа.
Аксари донишҷӯён ба хотири гирифтани диплом шомили макотиби олӣ гашта, бе гирифтани донишу тахассуси муайяне онро хатм мекунанд, ки ба ояндаи кишвар таъсири манфӣ мерасонад, гуфт Президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар ин маҷлис масъалаи омодагиҳо ба ҷашнҳои сиёсӣ- таърихии 20-солагии иҷлосияи 16- ум ва 15 солагии Ваҳдати миллӣ таъкид шуд.
Шаҳрдорӣ муваззаф гардид, ки барои тозаву озода кардани кӯчаву майдонҳо ва гулгашту хиёбонҳо, хоса боғи ба номи Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи бештаре намуда, бо эъломи як ҳашари умумихалқӣ ба корҳои созандагиву ободкорӣ ривоҷи тозае бахшад. Зеро маданияти шаҳрнишинии мо, мутаассифона, ҳанӯз хеле коставу ислоҳталаб аст.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро ҳамчунин ба масъалаи тандурустии мардум, хоса ба варзиш машғул гаштану барои солимии оммавӣ кӯшиш намудан, ҷалб намуд. Супориш шуд, ки майдончаҳои бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ ҳарчи зудтар обод карда шаванд. Дар Наврӯзгоҳ бо таъмини равшании барқ, шароити ба варзиш машғул шудани мардумро субҳу шом таъмин намоянд.
Бо таъкиди масъулин дар мавриди ҳарчи бештар кардани ҷойҳои корӣ ва фарогирии корҷӯён ба онҳо, Сарвари давлат аз масъулин даъват ба амал овард, ки номуси ватандорӣ ва виҷдони роҳбарӣ дошта бошанду нагузоранд, ки мардумамон пеши дигарон хорӣ бинанд. Баръакс Ватани хешро обод созанд, то онҳо бо сари баланд зиндагии сазовор дошта бошанд. Аз ҳама муҳим он аст, таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъияти воқеиро мардум бояд ҳамеша донад.
Дар ҷаласаи васеи Ҳукумат гузоришҳои раисони вилоятҳо ва баъзе шаҳру навоҳӣ шунида шуд. Масъулини тамоми вазорату идорҳои дахлдор супоришҳои мушаххасу қатъӣ гирифтанд, ки иҷрои онро пайгирона ба хонандаи арҷманд хоҳем расонид.