Бозгул Додхудоева кулли кормандони Саридораи бойгонии давлатиро бо ҷашни истиқлолият табрик намуда гуфт, ки: «Барои ҳифз ва побарҷо шудани истиқлолияти миллӣ саҳми бойгонии давлатӣ хеле калон аст. Солҳо мегузаранд, наслҳои нав ҷойгузини мо мегарданд, аммо ҳуҷҷат дар таърих ҷовидона мемонад. Танҳо аз рӯи ҳуҷҷат дар бораи ҳодисаву воқеъоти муҳими замоне рӯйдода бохабар мешаванд ва бо факту далел таърихро барқарор месозанд. Ва дар ин ҳама саҳми кормандони бойгонӣ хеле муҳим аст. Месазад Шуморо офарандагони таърих бигӯем. Идатон муборак!».
Дар арафаи иди истиқлолият озмуни «Бойгониҳои беҳтарини давлатӣ ва идорӣ» дар байни кормандони Саридораи бойгонии давлатӣ эълон шуда буд, ки дар ин рӯз ҷамъбаст ва ғолибон соҳиби мукофотҳои пулӣ гардиданд.