Рӯзномаи «Майл ту дей» дар бораи Ринка менависад: «Ин зан 28 сола буда, ҳафтае қабл соҳиби ду кӯдак, ду писараки солим гардид. Аҷобати ин ҳамл дар он буд, ки бордоршавии ин зан дар замонҳои мухталиф ба амал омадааст. Ба андешаи табибоне, ки дар ҷараёни таваллудкунии Ринка ҳузур доштанд, кӯдакони бадунёомада дугоник набуда, фарқияти миёни онҳо то се ҳафтаи вақти ҳомиладоршавиро дар бар мегирифтааст.
Аз суханони табибон чунин бармеояд, ки Ринка дар вақтҳои гуногун ҳомиладор шудааст. Қабл аз таваллуд, на танҳо худи Ринка ҳатто табибон дар хусуси ду бачадон доштани ӯ огаҳӣ надоштанд. Ринка чаҳор сол пеш соҳиби як тифлаки дӯстрӯе гашта буд.
Тибқи омор шумори занон соҳиби ду бачадон дар рӯи Замин анқариб ба 5 миллион мерасад. Аз рӯи гуфти мутахассисон дар ҷараёни ҳомиладорӣ ва ҳангоми таваллуд хатар ба саломатии чунин занон ба маротиб меафзояд. Пажӯҳишгарони тибби муосир наздики 100 ҳодисаи тавлиди тифлонро аз ду бачадон муайян кардаанд.
Соли 2004 як ҳамшираи шафқати амрикоӣ мисли Ринка дар синни 34 - солагӣ соҳиби духтарчаву писарчае гашт, ки онҳо дугоник набуда, балки дар бачадонҳои мухталифи як модар, баробар афзоиш ёфтаанд. Соли 2006 бошад, як бонуи англис бо ду бачадон соҳиби се кӯдаки солим гардида буд.