Набот Додихудоева, роҳбари созмони расидагӣ ба мушкилоти бонувони «Мадина» мегӯяд, ки агарчанде занони соҳибкори минтақа дар тиҷорат ва фаъолиятҳои соҳибкорӣ нақши чашмгир доранд, аммо дар форуми «Помиринвест-2011» ба ягон бонуи соҳибкори минтақа имконияти муаррифии бизнез –лоиҳаҳояшонро надоданд.Ин ҳам дар ҳолест, ки форум имконияти хуби намоиш додани доиҳаҳо ва ҳамкорӣ бо донорҳои дохилу хориҷ будааст.
Роҳбари ассотсиатсияи занони соҳибкор ҳамчунин фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва пардохти гумрукиро монеа дар роҳи густариши тавсеаи соҳибкорӣ дар минтақа мешуморад. Вай гуфт, ки бо кушода шудани гузаргоҳи марказии Қулма, моҳи майи соли равон бештари соҳибкорон ба Чин рафта натавонистанд.
Ассотсиатсияи занони соҳибкори Бадахшон айни ҳол 12 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бештар аз 200 занони соҳибкори Бадахшонро муттаҳид кардааст.