Е. Нилова тибқи тахассус дандонпизишк аст, аммо баъд аз тасодуми автомобилӣ касби худро дигар кард. Тайи чанд сол дар Таиланд кор карда дид, ки дастони моҳир аз сабзавот ва мева чӣ гуна эҷоди моҳир мекунанд. ӯ ба ин ришта дил баста, дар пайи омӯхтани он дар шаҳри Банкок шуд. Баъд аз 3 соли омӯзиш ба Қазоқистон баргашта, ин навъи эҷодро дар фарҳанги мардумаш ворид кард.
Имрӯз намунаи ҳунари ӯро дар тарабхонаҳои шаҳри Алмаато дидан мумкин аст. Елена курси омӯзишӣ барои бонувон боз намуда, ҳунари зебо ва таваҷҷӯҳбарангези хешро ба занони хонашин меомӯзад.
Аз ҳама аҷиб ин аст, ки бинандагони намоишҳо баъд аз тамошои эҷоди Елена метавонанд маҳсули эҷоди ӯро бихӯранд.
Феълан Е. Нилова дар тарбуз сурати раиси ҷумҳури Қазоқистон – Нурсултон Назарбоевро ҳакокӣ кардааст.