Тибқи иттилои Ҷӯрабек Мирзоев, муовини сардори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Хатлон дар давоми сол 3441 нафар бонувон ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда шудаанд. Ба гуфти ӯ дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1766 нафар шаҳрвандон ба касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1159 нафарро бонувону ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Тибқи нақшаи пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бояд теъдоди 10 ҳазор нафар сокинони корҷӯй ба шаҳодатномаи касбу ҳунар таъмин карда шаванд. То имрӯз 7047 нафар сокинони Хатлон бо шаҳодатномаи касб таъмин шудаанд, ки дар миёни онҳо 1189 нафарашон бонувон мебошанд.