Ин нуктаро Саида Ҷобирова муовини якуми вазири тандурустӣ рӯзи 1-уми август дар нишасте, ки бахшида ба Даҳаи кӯмак ва дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, қайд кард.
Бояд гуфт, Даҳаи кӯмак ва дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли 2011 таҳти шиори «Бо ман гуфтугӯ намо. Синамаконӣ – таҷриба дар се ченак» гузаронида мешавад
Ҳамчунин, Саида Ҷобирова зимни баромади худ зикр намуд, ки мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ - баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад.
Дар доираи даҳҳаи мазкур гузаронидани вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оиди фоидаи шири модар, тарзи дурусти синамаконӣ, омӯзонидани занҳои ҳомила ва занҳои ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар нишасти мазкур инчунин сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ Шералӣ Раҳматуллоев ва намояндаи ЮНИСЕФ Собир Қурбонов ширкат ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, Шералӣ Раҳматуллоев аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
«Дар ҷумҳурӣ вазъи сиҳатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав, бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустист. Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки бемориҳои дар боло зикршуда, бештар аз ҳама дар байни навзодоне вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мехӯранд»,- иброз дошт ӯ.
Ба қавли сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ, сабаби гирифтории ин бемориҳо дар рӯзҳои аввали 6 моҳи аввали ҳаёти тифл бо воситаи иловагии ғизохӯрӣ ва нӯшидан аз шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ӯ мебошад.
Инчунин, ӯ илова кард, ки маҳз бо таъсири пистонакҳо лабу рӯи кӯдакон каҷалаву овезон шуда, шахсони аз пистонак бисёр истифодакарда, зуд ба сигоркашӣ гирифтор мешаванд.
Дар мавриди корҳои фаҳмондадиҳӣ Шамсиддин Қурбонов, директори Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологии Тоҷикистон чунин гуфт:
«Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ моҳияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта, ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, пас аз таваллуд кормандони таваллудхонаҳо зарурати ақаллан то 6-моҳагӣ ба кӯдак додани шири модарро мефаҳмонанд».
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид намуд, дар таваллудхонаҳо ғайр аз он, ки то таваллуд ба занон маслиҳату машварат мегузаронанд, боз брошюраҳои махсус вобаста ба ин масъала тақсим мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.