Имсол 214 нафар донишҷӯён бо тахассусҳои гуногун донишкадаро хатм намудаанд. «Ман бо дили пур метавонам бигӯям, ки донишкадаи мо дар ҷумҳурӣ ягона донишкадаест, ки донишҷӯёнаш ҳама соҳиби ҷойи кори муайян гаштанд», - таъкид намуд Аслиддин Низомов.
Кушода шудани толори нави консертӣ ва сози арғунунро дар донишкада аз дастовардҳои бузурги имсола ва навгонии арзандае барои соли нави хониш медонанд. Аммо мушкили набудани кадр ҳам вуҷуд дорад. «Дар олам аз 100 нафар арғунуннавози хуб беш нест. Дар Тоҷикистон бошад, мо як нафар арғунуннавоз дорем, ки ҳоло дар Олмон таҳсил мекунад. Шурӯъ аз соли нави хониш, мекӯшем як нафарро барои омӯзиши нозукиҳои санъати арғунун ба Қазон бифиристем.
Дар охири нишаст ректори донишкада ҳамаро ба толори Арғунун таклиф карда, шахсан худаш барои ҳозирин мусиқии суруди миллиро дар арғунун иҷро кард.