Дар маркази вилояти Хатлон бошад, калонтарин иншооти ҷашнӣ бунёди бузургтарин бозори банулмиллалӣ ба ҳисоб меравад, ки баробари ба фаъолият шурӯъ кардани он беш аз 10 ҳазор шаҳрвандон ба ҷойҳои нави корӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин бунёди музейи вилоят ва калонтарин китобхона идома дорад.
Аз рӯйи маълумотҳои сардори раёсати молияи вилояти Хатлон Шариф Ғафуров барои корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии вилояти Хатлон аз буҷаи маҳаллӣ 28 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. То имрӯз аз ин маблағ 10 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Шарифхон Самиев раиси шаҳри Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни дарпешистода бори нахуст дар шаҳри Қӯрғонтеппа бунёди иншооти 14 ошёна оғоз мегардад. Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонии хонаи баландошёна дар арафаи рӯзҳои ҷашни 20-солагии истиқлоилият оғоз мегардад.