Дар ин нишаст иттилоъ дода шуд, ки имсол дар тамринҳои ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 2200 нафар донишҷуйи донишгоҳ ихтиёрӣ ширкат меварзанд, ки Донишгоҳ ба онҳо дар як моҳ 100 сомонӣ ва ҷойи хоби бепул муҳайё мекунад ва ин нафарон билети бепули истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро низ дарёфт кардаанд.
Феълан дар Донишгоҳи миллӣ қабули довталабон идома дошта, тибқи иттилои котиби масъули Комиссияи қабули ДМТ Холмаҳмад Самиев дар ҳоли ҳозир шумораи бештари довталабон ба факултаҳои биология, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, таърих ва журналистика таваҷҷӯҳ кардаанд. Донишгоҳи миллӣ имсол 3000 донишҷӯйро дар соли аввал қабул мекунад, ки аз ин теъдод 70 дар садро тариқи таҳсили шартномавӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин котиби масъули Комиссияи қабул гуфт, ки имсол нархи таҳсили шартнома боло бурда нашудааст.