Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ШМА дар ин давра 6, 02 фоиз паст гардид. Тағйирёбии мазкур асосан зери таъсири шокҳои (садамаҳои) беруна, вобаста ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти асосии воридотӣ (маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум) ба миён омад.
Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2, 6 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз он 21, 4 миллион сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2011 ба муомилот 418, 9 миллион сомонӣ бароварда шуда, 230, 4 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
Ҷамшед Юсуфиён ёдовар шуд, ки то 30 июни соли 2011 пасандозҳо ба 3, 7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 60, 4 фоиз зиёд гардида, 2, 0 миллиард сомониро ташкид дод.
Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 33, 7 фоиз зиёд гардида, ба 4, 4 миллиард сомонӣ баробар шуд.
«Захираи тилло то санаи мазкур ба 775 миллион доллар расидааст», - гуфти муовини якуми Бонки миллӣ.